БАХШИДА БА РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар мавсими нав чанд намоишро пешкаши мухлисон мегардонад
ДУШАНБЕ, 01.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 10 ноябр дар давраи таътили тирамоҳӣ дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии вилояти Суғд барои кӯдакон намоиши «Харгӯшаки ҷасур» намоиш дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» саркоргардони театр Сӯҳроб Шехов иттилоъ дод.
Театри мусиқӣ-мазҳакавии Камоли Хуҷандӣ инчунин намоиши «Найрангҳои Майсара»-ро таҳия намудааст, ки нахустнамоиши он 24-25 ва 30-31 октябр бахшида ба мавсими нави театрӣ пешкаши мухлисон гардид.
Сӯҳроб Шехов гуфт, ки тирамоҳи имсол мавсими 90-уми ҳунарнамоии театрӣ маҳсуб мешавад ва ба ин муносибат «Найрангҳои Майсара» манзури тамошобинон гардонида шуд.
«Ин намоиш аз рӯи асари нависанда Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, ки соли 1942 навишта шудааст, таҳия гардида, таъқиб ва поймолшавии ҳуқуқи занонро инъикос менамояд. Дар он Майсара бо «найрангҳо»-и худ ба ҳамаи онҳое, ки ҳуқуқи занонро поймол карданӣ мешаванд, посухи обдор медиҳад», — гуфт саркоргардони театр.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл ҳунармандони театр бо намоиши «Табиби паррон» дар Ҷашнвораи 21-уми байналмилалии суннатии театрҳои миллӣ дар шаҳри Гургони Ҷумҳурии исломии Эрон иштирок намуда, соҳиби ҷоиза шуданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






