БАХШИДА БА РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар мавсими нав чанд намоишро пешкаши мухлисон мегардонад

Ноябрь 1, 2023 13:17

ДУШАНБЕ, 01.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 10 ноябр дар давраи таътили тирамоҳӣ дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии вилояти Суғд барои кӯдакон намоиши «Харгӯшаки ҷасур» намоиш дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» саркоргардони театр Сӯҳроб Шехов иттилоъ дод.

Театри мусиқӣ-мазҳакавии Камоли Хуҷандӣ инчунин намоиши «Найрангҳои Майсара»-ро таҳия намудааст, ки нахустнамоиши он 24-25 ва 30-31 октябр бахшида ба мавсими нави театрӣ  пешкаши мухлисон гардид.

Сӯҳроб Шехов гуфт, ки тирамоҳи имсол мавсими 90-уми ҳунарнамоии театрӣ маҳсуб мешавад ва ба ин муносибат «Найрангҳои Майсара» манзури тамошобинон гардонида шуд.

«Ин  намоиш  аз рӯи асари нависанда Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, ки соли 1942 навишта шудааст, таҳия гардида, таъқиб ва поймолшавии ҳуқуқи занонро инъикос менамояд. Дар он  Майсара бо «найрангҳо»-и худ ба ҳамаи онҳое, ки ҳуқуқи занонро поймол карданӣ мешаванд, посухи обдор медиҳад», — гуфт саркоргардони театр.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл ҳунармандони театр бо намоиши «Табиби паррон» дар Ҷашнвораи 21-уми байналмилалии суннатии театрҳои миллӣ дар шаҳри Гургони Ҷумҳурии исломии Эрон иштирок намуда, соҳиби ҷоиза шуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 1, 2023 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд