«БЕҲТАРИН СУБЪЕКТҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ САЙЁҲӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Бахшида ба 29-солагии Конститусия озмун доир шуд

Ноябрь 4, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 04.11.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи таҷлили 29-солагии Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, роҳбаладон, ҷалб намудани коршиносони мустақил ва блогерон ба тарғибу ташвиқи васеи имконоти сайёҳӣ дар сомонаҳои мустақил, густариш бахшидани хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ба ин васила ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ озмуни «Беҳтарин субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш роҳбарияти Кумита иброз намуд, ки  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои истиқлолият ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии моро таҳким бахшид, сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузории давлати муосири мо гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат ва идораи давлат таъмин намуд.

Озмун аз рӯи 5 номинатсия, аз ҷумла «Беҳтарин ширкати сайёҳӣ», «Беҳтарин меҳмонхона», «Беҳтарин тарабхона», «Сомонаи беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ» ва «Беҳтарин роҳбалад» ташкил гардид. Тибқи талаботи муқарраргардида, дар озмун 3 ҷой дар ҳар як номинатсия (ҷои якум-1 нафар, ҷои дуюм -1 нафар ва ҷои сеюм -1 нафар) муайян шуда, ғолибон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо диплом ва маблағи пулӣ сарфароз гардиданд.

Дар натиҷаи баҳогузории аъзои комиссияи озмун дар номинатсияи «Беҳтарин ширкати сайёҳӣ» ширкати сайёҳии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Ориент Адвентур» ҷойи якум, ширкати сайёҳии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Силквей Эдвенче» ҷойи дуюм ва ширкатҳои сайёҳии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Расул Тур»  ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Шоҳ Тур»  ҷойҳои сеюмро соҳиб гардиданд.

Дар номинатсияи «Беҳтарин меҳмонхона» Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Меҳмонхонаи Румӣ» ҷойи якум, «Меҳмонхонаи Суғдиён» ҷойи дуюм ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Маркази хизматрасонии Ватан» соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Дар номинатсияи «Беҳтарин тарабхона» тарабхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Ганҷи Истиқлол» ва тарабхонаи «Бухоро» соҳиби ҷойи якум гардида, тарбхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Малика — Бохтар» ҷойи дуюм ва тарабхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Марко Поло» ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Ҳамзамон дар номинатсияи «Беҳтарин роҳбалад» роҳбалад Фарҳод Муминов ҷойи якум, роҳбалад Раҷабгул Юсуфалиевна ҷойи дуюм ва Дилшод Тағоймуродов соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин сомона дар соҳаи сайёҳӣ» тибқи баҳои аъзои комиссияи озмун сомонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Бунёд Тур» дар ҷойи якум ва сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҷойи дуюм қарор гирифтанд.

Чунин озмунҳо барои ҳавасмандии субъектони хизматрасони соҳаи сайёҳӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат саҳми муносиб мегузоранд. 

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 4, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад