«БО ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!». Имрӯз дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 15.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Кохи Суруш»-и пойтахт бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Рӯзи Президент консерти идона баргузор мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар бахши матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.
Барномаи консертӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31 — солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Бо Пешвои миллатем!» баргузор гашта, дар он ҳунармандони маъруфи мамлакат иштирок менамоянд.
Дар назар аст, ки дар барномаи фарҳангӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, олимону муҳаққиқон, шоиру нависандагон, варзишгарон, ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ, гирандагони Стипендияи президентӣ ва ҷавонони касбу кори гуногун иштирок намоянд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






