ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО. Ҳабибулло Маҷидов ва Хайрулло Назриев дар Абузабӣ соҳиби медали биринҷӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб Чемпионати ҷаҳонӣ оид ба гӯштини ҷудо байни собиқадорон шуруъ гардид, ки то 3 ноябр идома меёбад. Дар мусобиқа 1011 варзишгар аз 68 давлати ҷаҳон иштирок доранд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 21 паҳлавон байни мардон намояндагӣ доранд. Дар рӯзи аввал — 31 октябр ду паҳлавони тоҷик — Ҳабибулло Маҷидов ва Хайрулло Назриев соҳиби медали биринҷӣ гаштанд.
Ҳабибулло Маҷидов дар вазни то 81 кг дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Ҳашик Лудвик аз Чехия зафар ёфта, дар даври нимниҳоӣ аз Боуамра Бенаоудаи фаронсавӣ мағлуб шуд ва дар рақобат барои медали биринҷӣ ба муқобили ҷудочии амрикоӣ Ҷеймс Киндер ғолиб гардид.
Хайрулло Назриев дар вазни ҷамъи 100 кг дар даври чаҳорякниҳоӣ аз Коппе Ҳендрики ҳолландӣ мағлуб гардида, дар рақобати тасаллобахш бар Умар Париси аз Аргентина зафар ёфт. Дар рақобат барои медали биринҷӣ Хайрулло Назриев ба муқобили Артур Абрамовскии украинӣ пирӯз гардид.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд






