Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд

Ноябрь 16, 2023 10:17

ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашнҳои миллӣ – Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо.

Ноиби президенти АМИТ Абдусаттор Саидов иброз намуд, ки «мояи ифтихори мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки 16 ноябр бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги Президенти мамлакат дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид шуд. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар  шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни сокини осудаи Тоҷикистони азиз аст».

Дар конференсия аз ҷониби олимон дар мавзуъхои «Коллексияи нумизматии Пешвои миллат», «Ниҳоди президентӣ ва рушди идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Падидаи Президентӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол» маърузаҳои илмӣ ироа гардиданд.

Иброз гардид, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми ҷумҳурӣ, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо сокинони ҷумҳурӣ, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.

Гуфта шуд, ки хушбахтона, гузаштан ба низоми президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз чумла иқтисодиёт, сиёсат, илму маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳо гардид. Ҳамин тариқ, таъсиси ниҳоди президентӣ марҳалаи нави рушди давлатдорӣ маҳсуб шуда, дар роҳи тасдиқи унсурҳои таҷзияи ҳокимияти давлатӣ қадами устувор гардид.

Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқату вафодорӣ ба Сарвари давлат, Ватани маҳбуб, миллати тоҷик, ҳамчунин омили муҳими иттиҳод, сарҷамъӣ ва ягонагии мардуми ҷумҳуриамон ба ҳисоб меравад. Маҳз бо азму талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давоми қариб 30 соли охир дар ин мансаби олии пурмасъул фаъолият менамоянд, Тоҷикистонро ҷаҳон шинохт, миллати тоҷик дар дунё муаррифӣ шуд, овози тоҷик ба гӯши аҳли башар расид ва садои тоҷик аз минбарҳои баланди созмону ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ танинандоз гашт.

Иштирокдорон бо қаноатмандӣ ва изҳори хушнудӣ иброз доштанд, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ ва ба шарофати хизматҳои содиқона, ҷонфидоиву фаъолияти сарбаландона ва иқдому ташаббусҳои неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланду заҳматкаши тоҷик ҳаёти осоишта ба сар бурда, дар тамоми самтҳои зиндагӣ ба дастовардҳои беназиру арзишманд муваффақ мегардад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2023 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Дар Душанбе ҷилди нави китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» рӯнамоӣ гардид
ТАШАББУСҲОИ НАҶИБУ ОМӮЗАНДА. Дар хусуси аз ҷониби Пешвои миллат тақдим гардидани се китоб ба аҳолии Тоҷикистон
Ҳайати Академияи таҳқиқотии Малайзия бо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва бостонии Тоҷикистон шинос мешавад
Олимони ҷавони тоҷик дар Мактаби байналмилалии илмӣ-таълимӣ барои ҷавонони ИДМ иштирок намуданд
Оид ба омӯзиши илмҳои криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло доир шуд
Соли 2027 Душанбе мизбони Форуми VI театрии ҷавонони кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон мегардад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Малайзия баррасӣ шуд
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун Маркази фарҳангӣ ифтитоҳ гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши осори таърихии Гунди Шопури Эрон баргузор мегардад
Дар ноҳияи Мастчоҳ Маркази фарҳангӣ ба истифода дода шуд