Дар Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бинои нави шуъбачаи Вазорати корҳои дохилӣ ба истифода дода шуд
Ш. ШОҲИН, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон бинои нави шуъбачаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Бино бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва соҳибкорони ватанӣ сохта шуда, дар он тамоми талаботи меъморию шаҳрсозии муосир ба инобат гирифта шудааст.
Бинои мазкур аз шуъбаи қабул, ҷойи яроқу аслиҳа ва утоқҳои корӣ иборат мебошад. Ҳамчунин дар бино мизи шиносномадиҳӣ мавҷуд аст, ки ҷиҳати сари вақт ва бе хароҷоти зиёдатӣ омода намудани шиносномаи шаҳрвандон мусоидат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин








Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд






