Дар Боку мулоқоти ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор шуд

Ноябрь 24, 2023 15:57

ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар доираи ҷаласаи 18-уми Шурои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) мулоқоти ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ- Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири экология ва захираҳои табиии Озарбойҷон Мухтор Баҳодур оғли Бабаев баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд.

Завқӣ Завқизода бо хушнудӣ иброз намуд, ки ба шарофати муносибатҳои бародарона, дӯстона ва самимии роҳбарони ду давлат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев имрӯз ҳамкории дуҷониба тақвият меёбад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷараёни татбиқи Протоколи ҷаласаи 6-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ва Озарбойҷонро баррасӣ намуда, барои пурра иҷро намудани нуқтаҳои он қадамҳои мушаххас гузоштанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 24, 2023 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»