Дар Cуди Олии иқтисодӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конфронси илмӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 02.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Асосҳои ҳуқуқи конститутсонӣ дар таъмини адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронс доир гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар конфронс Раиси Суди Олии иқтисодӣ Рустам Мирзозода изҳор дошт, ки «дар таърихи ҳар миллат воқеаҳое ба амал меоянд, ки барои бунёди давлати миллӣ заминаи таърихӣ мегузоранд. 6 ноябри соли 1994 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми ин сарзамин рӯзи таърихӣ боқӣ мемонад, зеро маҳз дар ин рӯз бори нахуст Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби мардуми Тоҷикистон қабул гардид».
Гуфта шуд, ки қабули Конститутсия баробарҳуқуқии тамоми сокинони мамлакатро эътироф намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муқаррар намуд ва моҳияти онро ҳамчун давлати иҷтимоӣ, ки барои ҳар инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам меорад, таъйин сохт.
Мутобиқи моддаи 84-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Бояд гуфт, ки адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе амалӣ менамоянд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо дастгирию талошҳо ва иродаи мустаҳками халқи тоҷик бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, имрӯз яке аз конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон мебошад. Дар 10 боб ва 100 моддаи он тамоми паҳлуҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос гардида, заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад






