Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб масъалаҳои муҳими илми риёзӣ ва усулҳои таҳқиқи он баррасӣ шуданд

Ноябрь 7, 2023 16:56

ДУШАНБЕ, 07.11.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба   «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) дар мавзуи «Масъалаҳои актуалии илми риёзӣ ва усулҳои таҳқиқи он» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода хабар медиҳад.

Пеш аз оғози конфронс асарҳои Пешвои миллат ва дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ба намоиш гузошта шуд.

Дар конференсия ректори донишгоҳ Дилшод Раҳмон гуфт, ки «ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имконият истифода бурда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсил, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ гардонида мешаванд.

Ин аст, ки барои омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеяи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.


Дар конфронс дар мавзуъҳои «Баъзе масъалаҳои иттилоотонии раванди таълими математика», «Инкишофи тафаккури мантиқии хонандагон ҳангоми ҳалли масъалаҳои инкишофдиҳанда»,  «Методи сабукгардонии меҳнати омӯзгорони фанни информатика дар раванди гузаронидани корҳои санҷишӣ оид ба ҷадвалҳои электронӣ» аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳҳои мамлакат маърузаҳо ироа гардиданд.

Кори конфронс дар се бахш: «Масъалаҳои мубрами риёзӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо», «Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар инкишофи илми риёзӣ» ва «Таърих ва методикаи таълими фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ» гузаронида шуд.

Маҷмуаи мақолаҳои илмии конфронс зиёда аз 55 мақолаи олимону муҳаққиқонро бобати бахшҳои гуногуни омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар бар мегирад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ноябрь 7, 2023 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд