Дар Донишгоҳи Хиросима фарҳанги миллии тоҷикон муаррифӣ карда шуд

Ноябрь 6, 2023 09:32

ДУШАНБЕ, 06.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии Хиросимаи Ҷопон чорабинии фарҳангии  давлатҳои Осиё, Африқо, Амрико ва Аврупо доир гардид, ки дар он  хизматчиёни давлатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва фарҳанги миллии тоҷиконро муаррифӣ намуданд, — иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамасола моҳи ноябр дар Донишгоҳи Хиросима бахшида ба Рӯзи кушодашавии  «Мактаби  олии рушд ва ҳамкории байналмилалӣ»  чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ  бо иштироки  раёсат, профессорон, омӯзгорон, донишҷӯён, магистрон ва докторантон аз давлатҳои гуногуни олам, ки дар донишгоҳи мазкур таҳсил менамоянд, баргузор карда мешавад.

Донишҷӯён бо пешниҳоди анвои таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангӣ, ба намоиш гузоштани гушаи ҳунарҳои мардумӣ давлати худро муаррифӣ менамоянд.

Имсол хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ва бо дастгирии Сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон бо пешниҳоди таомҳои миллӣ, намунаи дастдӯзиҳои фарҳанги миллӣ, маълумоти зарурӣ дар бахши сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни намояндагони дигар давлатҳо муаррифӣ намуданд.

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хӯроки миллии «Оши палав», ки ҳамчун хӯроки миллии тоҷикон аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудааст, пешниҳоди иштирокчиён ва тамошобинони халқиятҳои гуногун карда шуд.

Гӯша ва хӯрокҳои пешниҳоднамудаи Тоҷикистон бо тамъ ва лаззати нотакрораш барои тамоми иштирокчиён писанд омада, аз ҷониби раёсати донишгоҳ барои иштироки фаъол баҳои баланд дода шуд. Масъулини донишгоҳ иброз доштанд, ки дар таърихи баргузории ин чорабинӣ бори дуюм аст, ки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок менамоянд.

 АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 6, 2023 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд