Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо мақсади омодасозии кадрҳои соҳаи китобдорӣ ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 6, 2023 14:20

ДУШАНБЕ, 06.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили илмии «Муҳаққиқони ҷавон» дар мавзуи «Омодасозии кадрҳои соҳаи китобдорӣ дар замони муосир» баргузор гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода хабар доданд.

Ҳадафи асосии баргузории маҳфил ҷалби магистрантон, аспирантон, докторантон ва донишҷӯён ба пажуҳиш ва пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи фарҳанг ва ҳунар дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Тазаккур дода шуд, ки роҳбарияти олии мамлакат барои рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолии мамлакат пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва вохӯрӣ бо намояндагони зиёиёни мамлакат, инчунин Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар масъалаҳои барои рушди мамлакат ҳаётан муҳим ба проблемаҳои китобу китобдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки мутахассиси оянда бояд дорои тарбияи воло ва донишу малакаи замонавии касбӣ буда, аз дастовардҳои техника ва технологияи муосир огоҳӣ дошта бошад.

Иштирокдорон изҳор доштанд, ки бо назардошти пешрафти босуръати илму техника ва технологияи муосир низоми таҳсилоти китобдорӣ имкон медиҳад, ки китобдори имрӯза бо шаклу услубҳои нави хизматрасонӣ ва истифодаи навгониҳои технологияи муосир бештар ошноӣ пайдо намояд, ки ин заминаи воқеии баланд бардоштани сифати фаъолияти касбиро татбиқ менамояд. Китобхонаҳои муосир беш аз ҳарвақта ба мутахассисони касбӣ ниёз доранд, зеро эҳтиёҷоти ҷомеа босуръат ва зуд тағйир меёбад, воридшавии технологияи муосир, пайдо шудани барандаҳои нави иттилоотӣ омилҳои муҳими он ба ҳисоб мераванд.

АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

Ноябрь 6, 2023 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд