Дар Душанбе вобаста ба роҳу усулҳои пешгирии коррупсия дар соҳаи тандурустӣ машғулияти омўзишӣ доир шуд

Ноябрь 26, 2023 15:44

ДУШАНБЕ, 26.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонХадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ семинари омўзишӣ дар мавзўи «Оқибатҳои нангини коррупсия ва роҳу усулҳои пешгирии он дар соҳаи тандурустӣ» доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта шуд, ки бо мақсади пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи баргузории чорабиниҳои маърифатӣ-иттилоотии зиддикоррупсионии Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ба имзо расидааст.

Муқовимат намудану мубориза бурдан бо коррупсия кори дастаҷамъона мебошад ва пешгирии он омӯзиши ҷиддӣ, муносибати махсус ва фаъолияти зиддикоррупсионии дастаҷамъонаро талаб менамояд. Тавре  дар Паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Президенти ҷумҳурӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муборизаи дастаҷамъонаро бар зидди амалҳои номатлуби коррупсионӣ таъкид намуда, решакан намудани ин падидаи номатлуби ҷомеаро қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа меҳисобанд.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки шаклҳои коррупсия дар ҳар давру замон хусусиятҳои хоси худро дошта, дар ҳар намуд онҳо аз порагирӣ то сӯиистифодаи ваколатҳои мансабиро инъикос намуда, ба институтҳои демократӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва арзишҳои волои маънавӣ таъсири манфии худро мерасонид.

Таъкид шуд, ки баргузор намудани чорабиниҳо, омӯзиш ва вусъату тарғиби донишҳо дар бораи коррупсия, меъёрҳои одоб, татбиқи ҷазодиҳӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани шароити хуби ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати зиддикоррупсионии давлат, пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани кирдорҳои коррупсионӣ аз воситаҳои муҳими пешгирии коррупсия ба ҳисоб мераванд.

Агар ҳар як фарди Тоҷикистон ва субъектҳои мубориза бо коррупсия дар якҷоягӣ бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, хавфҳои ришваситонӣ дар ҷомеа хеле кам ва пешгирӣ хоҳад шуд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 26, 2023 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад