Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Президент ҷамъомади идона баргузор шуд

Ноябрь 16, 2023 17:16

ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба ифтихори Рӯзи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо иштироки масъулин ва ҳайати кормандони ин корхона ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ доданд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ таъкид шуд, ки 6 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд вакилони мардумӣ ҷамъ омаданд ва Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он намояндагони мардумӣ якдилона муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб намуданд. Пас аз Иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти пурмаҳсули худро оғоз намуда, бо далериву ҷонфидоиҳо ва истеъдоди фавқулода дар таърихи муосири давлатдорӣ таҳаввулоти азиму сарнавиштсозро амалӣ намуданд.

“Бо назардошти ин рӯйдодҳои таърихӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 14 майи соли 2016 инҷониб дар мамлакат 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда, мардуми мамлакат онро бо сарбаландӣ ва ифтихор таҷлил менамоянд”,-таъкид гардид дар ҷамъомад.

Гуфта шуд, ки аз рӯзи оғози ин марҳилаи таърихӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаёти худро саропо ба ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва татбиқи ормону ҳадафҳои умумимиллӣ бахшида, роҳи инкишофи давлати Тоҷикистонро муайян ва дармамлакат сохти конститутсионӣ, сулҳу субот, ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро барқарор намуданд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Ноябрь 16, 2023 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд