Дар Кумитаи кор бо занон ва оила Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд

Ноябрь 24, 2023 13:33

ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мамлакат бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо бахшида ба Рўзи Парчами давлатӣ  ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита хабар медиҳад.

Ҳамоиш дар фазои идона бо ворид гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ва садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.

Иброз гардид, ки Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи озодӣ, шукуфоӣ, ояндаи дурахшон ва мояи ифтихори ҳар халқи соҳибдавлат буда, таҷлили он дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо руҳбаландии бузург ҷашн гирифта мешавад.

Ин нишони эҳтироми мардуми сарбаланди тоҷик ба анъанаҳои неки аҷдодон ва таҷассуми мақсаду мароми халқу миллат дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд ва ягона мебошад.

Мардуми сарбаланди тоҷик Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, якпорчагиву бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонад, ки дар тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихор ва ҳувияту худшиносии миллӣ нақши калон дошта, ҳар шаҳрванди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои миллӣ ҳидоят менамояд.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба манзалати Парчами давлатӣ иброз доштаанд, ки «Парчами давлатӣ барои мо, тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад. Ҳар фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ менамояд ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад».

Дарвоқеъ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлати  озоду соҳибистиқлол буда, нишонаи олии тамаддунофарӣ, созандагӣ ва муборизаи халқи шарафманди тоҷик дар роҳи амну осудагӣ ва ваҳдату истиқлолхоҳӣ мебошад.

Арҷ гузоштан ба парчам ва дигар муқаддасоти миллӣ имрӯз ва дар оянда метавонад дар замири ҳар фарди ватандӯст ва ҳар сокини Тоҷикистон эҳсоси дӯст доштан ва ҳифзи ин марзу бумро бедор намояд. Аз ин рӯ, занону модарон вазифадор мебошанд, ки рисолати созандаи худро барои тарбияи фарзандони солим, инсондӯсту ватанпараст, ҳимояткунандаи марзу буми аҷдодӣ, арҷгузорони асили муқаддасот ва арзишҳои миллӣ сарбаландона иҷро намоем.

АКС: Кумитаи кор бо  занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 24, 2023 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд