Дар Маркази «Пажуҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат» конференсияи илмӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 14.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Эмомалӣ Раҳмон – мубаллиғ ва ҳимоятгари илму адаби тоҷик»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Маркази «Пажуҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки дар замони муосир дар дилхоҳ давлат ба Президенти мамлакат ва нақши ӯ дар таҳия ва амалӣ намудани сиёсати дохиливу хориҷӣ эътибори хосса медиҳанд.
Дар ҳамоиш доир ба мавзуъҳои «Нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳангнигории тоҷик», «Эмомалӣ Раҳмон-мубаллиғ ва ҳимоятгари илму адаби тоҷик», «Нақши Пешвои миллат дар рушди забони давлатӣ» маърузаҳо ироа гардида, доир ба масъалаҳои мубрами фаъолияти Президенти мамлакат изҳори андеша гардид.
Дар анҷоми ҳамоиш шеъри «Номаи фахру сипос» қироат шуд, ки аз он табъи иштирокдорон шод гардид.
АКС: Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ









Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ховалинг бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Дар пойтахти мамлакат Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Лахшу Сангвор баргузор гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги шаҳри Бохтар доир шуд
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ховалинг, Лахш ва Сангвор баргузор мегарданд
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахти Тоҷикистон намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалӣ баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ховалинг, Лахш, Сангвор, Рашт, Балҷувон ва Дарвоз баргузор мегарданд
Китоби «Аз забони ориёӣ то забони тоҷикӣ» ба нашр расид
Сахидод Раҳматуллозода: «Ба фарзандонатон номҳое гузоред, ки дар оянда аз он ифтихор намоянд»
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Кинофестивали VII байналмилалии «Дарвозаҳои ғарб» соҳиби Шоҳҷоиза шуд
Директори АМИТ «Ховар» дар Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Имрӯз дар Бишкек Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Данғара бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид






