Дар нуҳ моҳи соли равон дар Тоҷикистон дар майдони 2542 гектар корҳои бунёду барқароркунии ҷангал гузаронида шудааст

Ноябрь 8, 2023 11:33

ДУШАНБЕ, 08.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» дар нуҳ моҳи соли равон дар мамлакат дар майдони 2542 гектар корҳои бунёду барқароркунии ҷангал ва плантатсия дар ҳудуди заминҳои фонди давлатии ҷангал гузаронида шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки 5 ноябри соли равон зимни шиносоӣ бо нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ дар Боғи миллӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар назди Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварӣ фаъолият дошта, майдони парвариши ниҳол 100 гектаро ташкил медиҳад. Айни замон дар ин ниҳолхонаҳо 45 намуди дарахтону буттаҳои мевадиҳанда, ороишӣ ва сояафкан ба миқдори умумии 3 миллион бех парвариш карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин шумораро нокифоя дониста, супориш доданд, ки роҳбарон ва масъулини вазорату идораҳои дахлдор ва боғҳо садҳо миллион дарахтонро омода ва барои ҳифзи табиат, кабудизоркунӣ, ободонӣ, зебоӣ ва беҳтар кардани муҳити зист равона созанд.

Бояд гуфт, ки барои рушду равнақи соҳаи ҷангал аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ дар мамлакат ду маротиба Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон- яке соли 1993 ва дигаре соли 2011 таҳия ва қабул гардид. Дар асоси он якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки танзими соҳаи ҷангалро дар бар мегиранд, қабул карда шуданд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022 «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи мазкур тасдиқ гардид. Нақшаи чорабиниҳо мазкур аз 15 бобу 60 банд иборат буда, самтҳои асосии рушди соҳаи ҷангалро дар панҷ соли оянда дарбар мегирад.

Мақсади асосии «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» — нигоҳдории гуногунии биологӣ, барқароркунӣ, зиёд намудани масоҳату маҳсулоти ҷангал, беҳтар намудани сифат ва миқдори хизматрасониҳои экосистемавии пешниҳодшаванда дар шароити тағйирёбии иқлим, мусоидат ба рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии сокинон бо роҳи ҷалби онҳо ба пешбурди хоҷагии ҷангал, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ҷангал ва содироти он ба хориҷи мамлакат мебошад.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки ҷангалзор дар ташкили ҳудуди сайёҳӣ низ нақши муҳим мебозад. Ҷангалзори кӯҳӣ муҳити оромкунандаеро ба вуҷуд меоранд, ки ин барои сайёҳон хеле зарур мебошад. Аз ин рӯ, инкишофи осоишгоҳ ва минтақаҳои истироҳатӣ ҳамеша бо шинонидани дарахтони ороишию сояафкан ва бунёди боғҳо вобастагӣ дорад.

Тавре аз Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар доираи корҳои бунёду барқароркунии ҷангал бо роҳи шинонидани ниҳолҳо соли 2022 дар майдони 1290,4 гектар дарахту буттаҳои мевадиҳанда, аз ҷумла зардолу, бодом, себ ва олуча дар майдони 358,4 гектар, чормағз- 125,9 гектар, писта- 106,4 гектар, хуч- 168,9 гектар, дарахти сояафкан- 132,5 гектар, сафедор- 44 гектар, ҳамешасабз- 12,3 гектар ва дигар намуди дарахтони омехта дар 342 гектар шинонида шуд. Бо роҳи кишти тухмӣ дар майдони 449,5 гектар, аз ҷумла писта- 237,5 гектар, бодоми талхдона- 78 гектар, саксаул- 95 гектар ва дигар намуди тухмиҳои омехта дар майдони 39 гектар шинонида шуд.

Баҳри ба бозори дохилӣ мувофиқ кардани сифати маҳсулот аз тарафи олимони тоҷик корҳои селексионӣ ва ноҳиябандӣ кардани навъҳои нави писта, чормағз, хуч, бодом ва дигар намуди меваҳо гузаронида шуда истодаанд. Аз ҷумла, зиёда аз 8 намуди писта ва чормағз дар ноҳияҳои Данғара, Бохтар, Хуросон, Ваҳдат, Варзоб ва як намуди камхори сервитамини хуч дар ҷумҳурӣ парвариш ва масоҳати кишти онҳо зиёд карда мешавад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 8, 2023 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид