ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар беш аз 2600 гектар кишти такрорӣ гузарониданд
ДУШАНБЕ, 19.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2641,6 гектар кишти такрорӣ гузарониданд, ки дар онҳо ғалладона, лубиёгӣ, ҷуворимакка барои дон, зироати техникӣ ва сабзавоти гуногун парвариш меёбанд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар шаҳри Панҷакент дар хоҷагии деҳқонии «Мирзо Қайюмов» баъди ҷамъоварии ҳосили асосӣ кишти такрорӣ ба роҳ монда шуда, парвариши сабзавоти мавсимӣ идома дорад.
Хоҷагидорон иброз намуданд, ки бо истифодаи тухмиҳои серҳосил ва риояи қоидаҳои агротехникӣ метавонанд ҳосили фаровон ба даст оваранд. Истифодаи самараноки ҳар як порча замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ташкили захираи маҳсулоти кишоварзӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Панҷакент 7 лоиҳаи муҳим барои даҳ соли оянда барои азхудкунии заминҳои нав ва беҳтар намудани таъминоти оби полезӣ татбиқ мегардад.
Амалӣ шудани ин лоиҳаҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент ва институтҳои молиявӣ маблағгузорӣ шуда, ба рушди устувори соҳаҳои саноату кишоварзӣ мусоидат хоҳад намуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд






