АСАЛ ДАВОИ ДАРД. Имрӯз дар Душанбе «Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи Иди Меҳгон «Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал» доир шуд, ки дар он занбӯриасалпарварони вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намудҳои гуногуни асалро пешниҳод ва муаррифӣ намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар «Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал» асали аз гиёҳҳои шифобахш ҳосилшуда, шириниҳои аз асал омодагардида, асбобу лавозимоти парвариши занбӯр, ки тарзи ба даст овардани ҳосили асалро нишон медиҳанд, борҷомаҳо бо навъҳои гуногуни асали тоҷикӣ ба тамошо ва фурӯш гузошта шуда буданд.
Асали тоза дар ин макон бо нархи назар ба бозор арзонтар пешниҳоди харидорон гардид.
Ҳадаф аз баргузории фестивал дар Тоҷикистон тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифии дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши занбури асал, инчунин баҳрабардорӣ аз таҷрибаи хуби деҳқонони тоҷик мебошад.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба ҳолати 1 октябри соли 2025 дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 3738 тонна асал истеҳсол гардидааст. Инчунин дар мамлакат 270 247 оилаи занбӯри асал мавҷуд аст.
Асал яке аз маҳсулоти серталаботи ғизоӣ ва воситаи муҳимми табобатие мебошад, ки ҳазорсолаҳо инҷониб мавриди истифодаи инсоният қарор дорад. Беҳуда онро давои ҳазор дард намегӯянд. Тавре табиби ҳозиқ Абӯалӣ ибни Сино гуфтааст, «ҳама шириниҳо барои инсон заҳранд, ба ғайр аз асал».
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»






































Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






