Дар Тоҷикистон 250 навъи харбуза парвариш карда мешавад

Октябрь 19, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 19.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши тарбуз, харбуза каду ва истифода аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар ин рӯз кишоварзони шаҳру ноҳияҳои мамлакат навъҳои гуногуни тарбуз, харбуза, каду ва дигар маҳсулоти кишоварзиро пешниҳод намуданд. Гӯшаи тавсияҳо ташкил гардид, ки дар он олимони соҳаи кишоварзӣ ба деҳқонон барои парвариши ин маҳсулоти полезӣ ва манфиати онҳо тавсияҳо доданд. Инчунин зимни намоиш ба иштирокдорон варақаҳои тавсиявӣ тақдим гардиданд.

Сокинони пойтахт аз ин намоишгоҳ бо нархи нисбат ба бозор арзонтар маҳсулоти полезӣ харидорӣ намуданд.

Баргузории Иди тарбуз, харбуза ва каду, пеш аз ҳама, ба он равона гардидааст, ки сокинон ва меҳмонони пойтахт бо маҳсулоти ватанӣ таъмин гарданд, маҳсулоти кишоварзӣ тарғиб карда шавад, дастранҷи марди деҳқон муаррифӣ шуда, анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз эҳё ва деҳқонон аз таҷрибаи зироаткорони дигар минтақаҳои Тоҷикистон огоҳ шаванд.

Ҳамчунин дар ин рӯз ба иштирокдорони намоиш навъҳои беҳтарини харбуза, аз ҷумла «амирӣ», «андархонӣ», «аробакаш», «барги най», «оби набот», «гулобии норанҷӣ», «гулобии сабз», «гулобии зард», «сиёҳ», «зартур», «барафшонӣ», «мирзочулӣ», «парсилдоқ», «сиёҳпӯчоқ», «ҷӯрақанд», «наботи сафед», «ширинпӯчоқ», «шакарпалак», «шакарпора», навъҳои каду- гаҳворакаду, палавкаду, ошкаду ё чӯбкаду пешниҳод гардиданд.

Ба иттилои мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 250 навъи харбуза парвариш карда мешавад. Навъҳои харбузаи Осиёи Миёна сершираю сервитамин буда, аз 4,4 то 21 фоиз қанд, 7—9 фоиз ангиштобҳо, 1 фоиз моддаҳои нитрогендор, 2 фоиз равған, оҳар ва сафеда доранд.

Ёдовар мешавем, ки дар мамлакат Иди тарбуз, харбуза ва каду аз соли 2018 ба ҳукми анъана даромада, ба муаррифии дастранҷи марди деҳқон ва маҳсулоти ватанӣ равона гардидааст.

 

 

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Октябрь 19, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд