Дар шаҳри Душанбе 45 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ фаъолият менамояд
ДУШАНБЕ, 04.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар шаҳри Душанбе 45 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ фаъолият менамояд.
Дар 9 моҳи соли 2023 дар шаҳри Душанбе 12,6 ҳазор тонна маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол шудааст, ки 68,6%-и маҳсулоти қаннодии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Яке аз чунин корхонаҳо «Фабрикаи қаннодии Амирӣ» мебошад, ки аз соли 2010 фаъолият менамояд. Маҳсулоти корхона дар бозор рақобатпазир буда, талабгори зиëд дорад.
Ҳоло дар ин корхона 135 номгӯй маҳсулот дар бастаҳои гуногун истеҳсол мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе корхонаи нави истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фабрикаи қаннодии Амирӣ»-ро ифтитоҳ намуданд.
Иншоот дар маҳаллаи “Деҳқонобод-2”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар масоҳати 5 гектар бунëд шуда, аз калонтарин корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.
Иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” дар як сол 27 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Бо чунин иқтидор корхона метавонад 35 фоизи талаботи бозори дохилиро бо маҳсулоти қаннодӣ таъмин намояд.
Барои интиқоли маҳсулот ба дӯкону мағоза ва бозорҳо 15 нақлиëти махсуси боркашонӣ харида шудааст. Корхона дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дорои анбор ва воситаҳои нақлиëти махсус мебошад.
Маҳсулоти корхона асосан дар дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад ва аз рӯйи нақша дар оянда бояд ба содирот нигаронида шавад.
Корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ дар шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат бунëд шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд






