Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши ҷавонон ва Фестивали сурудҳои ватандӯстона баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 12.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши ҷавонон ва Фестивали сурудҳои ватандӯстона баргузор гардид. Дар он масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон иштирок намуда, ҳозиринро бо ҷашнҳои муҳими дарпешистода табрик намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Пеш аз оғози ҳамоиш вобаста ба нақши Пешвои миллат дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон сухан гуфта шуд.
Иброз гардид, ки барои миллати худшиносу худогоҳи тоҷик истиқлолу озодӣ бузургтарин неъмат, шаъну шараф, нангу номус, обрӯи байналмилалӣ ва шарти асосии мавҷудият ба ҳисоб рафта, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии миллати сарбаланд аз ин неъмат аст, ки расидан ба ин дастоварди бузург дар ин марҳила танҳо бо хиради азалӣ ва сиёсати бунёдкоронаи муҳтарам Пешвои миллат ба даст омадааст.
Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлати миллӣ ва шаҳрвандӣ мебошад.
Дар идомаи ҳамоиш ба як зумра иштирокчиёни фаъол сипосномаҳо тақдим шуд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби сарояндагони шинохтаи шаҳри Кӯлоб сурудҳои ватандӯстона пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд






