Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши идона доир гардид

Ноябрь 10, 2023 14:32

ДУШАНБЕ, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик бо иштироки роҳбарият ва низомиён ҷамъомади идона баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва хосса, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 32 соли Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат бобати таҳкими таҳкурсии моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои он бо таъмини таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ, бунёди иншооти замонавӣ ва тарбияи мутахассисони касбӣ пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Ин ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар сатҳи баланди касбӣ мусоидат менамояд.

Иштирокчиён изҳор намуданд, ки милитсияи тоҷик давоми таърихи фаъолият баҳри таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, безарар гардонидани дастаҳои муташаккили ҷиноӣ ва гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ аз набарду муборизаҳои сангин ва имтиҳони сахти рӯзгор сарбаландона гузашта, ба сохтори пурқудрату боэътимод ва кафили тинҷиву осоиштагии давлату миллат табдил ёфтааст.

Маҳз ҳамин хизмати содиқонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, аз ҷумла кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аст, ки чанде қабл Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози амнияту субот ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар байни 142 давлати ҷаҳон дар ҷойи якум қарор гирифт.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Ноябрь 10, 2023 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад