Дар шимоли Фаронса муассисаҳои таълимӣ муваққатан баста шуданд

Ноябрь 10, 2023 15:16

ДУШАНБЕ, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Фаронса Жералд Дарманен муваққатан баста шудани муассисаҳои таълимӣ бо сабаби обхезиҳо дар 200 коммунаи шимоли мамлакатро эълон намуд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии иттилоотии ТАСС хабар додааст.

Тибқи иттилои Дарманен, муассисаҳои таълимӣ то охири рӯзи 12 ноябр баста мешаванд, ки ин тадбир вобаста ба шароити обу ҳаво метавонад тамдид шавад.

Ба сокинони минтақа тавсия дода мешавад, ки дар хона бимонанд ва аз истифодаи мошинҳо худдорӣ намоянд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: ТАСС

Ноябрь 10, 2023 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари тирпаронӣ дар Лас-Вегас се нафар ҳалок шуданд
Ҳар панҷумин кӯдак дар 40 давлати сарватмандтарини ҷаҳон қашшоқона умр ба сар мебарад
Дар Истанбул тӯфони шадид ба амал омад
Бар асари сӯхтор дар меҳмонхонае дар Алмато 13 нафар ҳалок гардид
Дар натиҷаи сӯхтор дар маркази савдои Покистон 11 нафар ҳалок ва 20 нафар захмӣ гардиданд
Дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар ҳалок ва ду нафар сахт захмӣ гардиданд
Дар Муғулистон минтақаҳои чорводорӣ метавонанд аз офати табиӣ зарар бинанд
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико ду нафар ҳалок шуд
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд
Шабакаи ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кор шуруъ намуд
1 ноябр ваколатдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷамъ меоянд
Манораи «афтанда» дар Италия аз сабаби хавфи зиёди фурӯравӣ баста шудааст