Дар Тоҷикистон Фестивали картошка баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он» баргузор мегардад, ки дар он навъҳои гуногуни картошка ва хони аз хӯрокҳои картошка омодашуда пешниҳод мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.
Дар ин рӯз ба беҳтарин картошкапарварони мамлакат аз ҷониби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Диплом ва туҳфаҳо тақдим мегарданд. Инчунин сокинони пойтахт имкон доранд, ки баъд аз анҷоми фестивал бо нархҳои дастрас картошка харидорӣ намоянд.
Ба гуфтаи олимони соҳаи кишоварзӣ, картошка яке аз зироати асосии хӯрокӣ барои аҳолии кураи Замин ба шумор меравад. Мувофиқи маълумоти Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (соли 2010), аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсолӣ баъд аз гандум ва шолӣ картошка дар дунё ҷои сеюмро ишғол менамояд.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, соли равон дар ҷумҳурӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 55 527 гектар картошка кишт шудааст. То 1 ноябр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 989 ҳазору 782 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






