Дар вилояти Суғд Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ баргузор мегардад

Ноябрь 5, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 05.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ ва афзун намудани саршумори чорвои зотӣ 11 ноябр дар вилояти Суғд ва 18 ноябр дар шаҳри Ваҳдат Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре қаблан хабар додем, дирӯз, 4 ноябр дар вилояти Хатлон Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ доир гардид.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 октябри имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2 миллиону 626 ҳазору 973 ҳазор сар чорвои калон, аз ҷумла 1 миллиону 355 ҳазору 734 модагов, 6 миллиону 622 ҳазору 422 сар гӯсфанду буз ва 87 ҳазор сар асп мавҷуд аст.

Дар ин давра 202187,8 тонна гӯшт ва 688925,0 тонна шир истеҳсол шудааст.

АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 5, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид