Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соҳиби ҷойҳои намоён шуданд

Ноябрь 11, 2023 13:31

ДУШАНБЕ, 11.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ишғоли 5 ҷойи намоён ва 3 ҷойи ифтихорӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мақоми дуюмро соҳиб гашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ панҷ мақоми намоёнро гирифтанд. Аз ҷумла, донишҷӯи факултети филологияи тоҷик Баҳманёр Худойбердиев дар номинатсияи эҷоди назм ҷойи якум, магистранти факултети забонҳои хориҷӣ Малоҳат Амакова дар номинатсияи эҷоди наср ҷойи якум, донишҷӯи факултети филологияи тоҷик Назокат Орипова аз рӯи номинатсияи адабиёти классикӣ ҷойи дуюм, донишҷӯи факултети филологияи рус Фарзона Раҳимова аз рӯи номинатсияи адабиёти ҷаҳон ҷойи сеюм ва донишҷӯи факултети забонҳои шарқ Дилноза Холматова аз рӯи номинатсияи эҷоди назм ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.

Ҳамзамон донишҷӯи факултети филологияи тоҷик Муҳаммадиқбол Ашрафзода, докторанти факултети филологияи тоҷик Фаридуншоҳ Абдуллоев ва донишҷӯи факултети забонҳои шарқ Умматалӣ Хоҷаев мақоми ифтихориро соҳиб гаштанд.

Дар самти омода намудани шогирдон ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» саҳми устодони донишгоҳ- дотсентон Ислом Раҳимов, Сорбон Азизов, Боҳир Раҷабов назаррас ва шоистаи таҳсин аст.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Ноябрь 11, 2023 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд