Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон олимони варзидаро ба таълифи китобҳои дарсӣ даъват менамояд
ДУШАНБЕ, 15.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати дониши донишҷӯён, ҳамзамон таъмин намудани онҳо бо маводи таълимӣ ва таълифи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи касбӣ олимону муҳаққиқон ва омӯзгорони варзидаро ба ҳамкорӣ даъват менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишгоҳ.
Хоҳишмандон аз вазорату идораҳо, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи миллии таҳсилот, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии мамлакат, ҳамчунин шахсоне, ки таҷрибаи таълифи китобҳои дарсӣ доранд, метавонанд ҷиҳати бастани шартнома ба раёсати донишгоҳ муроҷиат намоянд.
Илова бар ин, китобҳои таълифшуда аз ҳисоби раёсати донишгоҳ ройгон интишор гардида, ба муаллифон ҳаққи қалам (гонорар) дода мешавад. Дархостҳо ҷиҳати таълифи китобҳои дарсӣ то 30 ноябри соли 2023 қабул мешаванд. Рӯйхати фанҳое, ки бояд аз рӯи онҳо китоби дарсӣ навишта шавад, замима мегардад.
Хоҳишмандон метавонанд барои пайдо намудани маълумоти иловагӣ ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121 ва бо телефони 2242012 муроҷиат намоянд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид






