«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон»-и ин озмун забондонҳоро муаррифӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 03.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи панҷум аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Тибқи низомнома он аз рӯйи 6 номинатсия баргузор мешавад. Аз ҷумла, номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар 2 зерноминатсия байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4) ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) баргузор мешавад. Ҳамчунин номинатсияи адабиёти ҷаҳон бо 1 зерноминатсия, бо назардошти хусусияти синнусолӣ байни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) дар алоҳидагӣ баргузор мегардад.
Тавре қаблан хабар дода будем, озмун 30 октябр оғоз гардида, то 15 ноябр идома меёбад. Аз ҷумла, байни хонандагони синфҳои 1 то 4-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 30 октябр то 2 ноябр, байни хонандагони синфҳои 5 то 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ то 5 ноябр, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ то 10 ноябр, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони ксбу кори гуногун то 13 ноябр идома меёбад.
14 ноябр иштирокчиён барои дарёфти Шоҳҷоизаи озмун донишу маҳорат ва истеъдоду малакаи худро нишон медиҳанд.
15 ноябр маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун дар назар дошта шудааст.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли панҷум аст, ки дар мамлакат таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Дар озмун ҳамасола довталабони зиёд иштирок ва ба дарёфти наврасону ҷавонони лаёқатманд мусоидат менамоянд.
Донишҷӯйи курси якуми Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Саёҳат Ҳасанова, ки донандаи забонҳои русиву англисӣ буда, ҳамзамон ба омӯзиши забони фаронсавӣ машғул аст, дар номинатсияи «адабиёти ҷаҳон» иштирок дорад. Тавре ӯ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, барои иштирок дар озмун тайёрии ҷиддӣ дида, беш аз 600 асар ва 1000 мисраъ шеър аз бар намудааст. «Кӯшиш менамоям, ки дар озмун бо забонҳои гуногун донишу маҳорати худро ба ҳайати ҳакамон нишон диҳам. Зеро тақозои замони муосир ҳамин аст, ки ҳар фарди ҷомеа бояд забонҳои гуногунро аз бар намуда, аз илми ҷаҳон бохабар бошад», -гуфт ӯ.
Ӯ иброз медорад, ки ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наврасону ҷавонон ва ҳатто калонсолону хурдсолонро дар сар то сари мамлакат ҳавасманд намуд ва онҳо имрӯз бо завқи баланд ба мутолиаи китоб машғул мебошанд.
«Бо шукрона аз ваҳдату оромии Тоҷикистон гузаронида шудани чунин чорабиниҳо боиси сарбаландии мо ҷавонон буда, бояд ҷавобан ба ин дилсӯзӣ ва иқдоми наку бештар омӯзем, сулҳу суботи мамлакатро таҳким бахшем ва донишҳоямонро дар амал татбиқ намоем», -гуфт ӯ.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






