ХИРМАНАТ ПУРБОР БОДО, ПАХТАКОР! Кишоварзони Ёвон бо истеҳсоли беш аз 23 000 тонна пахта аз иҷрои дурнамо мужда расониданд

Ноябрь 11, 2023 14:00

ДУШАНБЕ, 11.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Ёвон имсол дар майдони 10 162 гектар пунбадона кишт намуда, бо истеҳсол намудани зиёда аз 23822 тонна пахта аз иҷрои дурнамо мужда расониданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки ҳосил то ҳол дар саҳро мавҷуд аст ва кишоварзони матиниродаи ноҳия азм доранд, ки онро пурра ҷамъ оварда, ба нуқтаҳои қабул ва корхонаҳои коркарди пахта супоранд.

Ёдовар мешавем, ки аввалҳои моҳи октябр дар ноҳияи Ёвон бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосили пахта ҳашар ташкил гардид, ки дар он зиёда аз 9000 ҳазор нафар кормандони корхонаву муассисаҳо ба саҳро баромада, ба хирман беш аз 460 тонна “тиллои сафед” ворид намуданд.

Ҳамарӯза қариб панҷ ҳазор нафар пахтачину ҳашарчиён ба майдони пахтазор баромада, барои ҷамъоварии саривақтӣ ба пахтакорон кумак мерасонанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Ноябрь 11, 2023 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»