Ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила байни Тоҷикистон ва Русия бо пули миллӣ то 82 дарсад афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 22.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории байнидавлатӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи иттилооти молиявӣ ба сатҳи сифатан нав баромад. Ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо пули миллӣ то 82 дарсад афзоиш ёфт. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои сафари расмӣ ба Федератсияи Русия маълумот доданд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Русия ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ изҳори ҷонибдорӣ шуд.
Ҳамчунин ҷонибҳо доир ба саъю кӯшишҳои муштарак ҷиҳати афзоиш додани нишондиҳандаҳои ин соҳа дар солҳои наздик ба тавофуқ расиданд.
«Масъалаҳои густариши ҳамкории сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, — тазаккур доданд Пешвои миллат. — Дар ин росто мо ба тавофуқ расидем, ки дар бахшҳои мухталифи иқтисод лоиҳаҳои бузурги сармоягузориро амалӣ созем».
Дар идома Сарвари давлат изҳор намуданд, ки барои ин ҳадафҳо дар Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, якчанд минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолият доранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






