ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН. Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун мақсад гузоштаанд истеҳсоли лимӯро ба 7000 тонна расонанд

Ноябрь 30, 2023 13:57

ДУШАНБЕ, 30.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳияи Ҷайҳун барои парвариши меваҳои ситрусӣ (асосан лимӯ) дар майдони 153 гектар гармхонаҳо сохта шудаанд. Аз ин шумора 120 гектар ба бахши аҳолии ноҳия рост меояд. Имсол деҳқонони ноҳия  аз 1 гектар то 50 тонна ҳосил рўёнда, азм доранд, ки дар маҷмуъ то 7000 тонна лимӯ ҷамъоварӣ намоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун.

Бояд гуфт, ки деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун дар парвариши лимӯ таҷрибаи ғанӣ доранд. Онҳо инчунин ниҳолҳои лимӯро барои фурӯш парвариш менамоянд ва аз ин даромади хуби иқтисодӣ  ба даст меоранд. Кишоварзони ноҳия ҳосили рӯёнидаро ҳам барои эҳтиёҷи хонаводаи худ ва ҳам ба бозорҳои истеъмолии мамлакат пешниҳод менамоянд.

Истифодаи оқилонаи замин аст, ки сатҳу сифати зиндагии деҳқонон сол то сол беҳтар мегардад.

Дар хоҷагии деҳқонии «Шоҳ-2014», ки  яке аз хоҷагиҳои пешқадами ноҳияи Ҷайҳун маҳсуб мешавад,  чор гармхона дар  масоҳати  тақрибан 1,5 гектар ташкил гардидааст. Дар онҳо лимӯ парвариш мешавад. Растаниҳо дар соли сеюм аллакай  ба ҳосил даромада, аз ҳар дарахт то 50 кг лимӯ  ба даст овардан мумкин аст.

Ба гуфтаи сардори хоҷагии деҳқонӣ Абдуғаффор Ҷабборов,  «имсол ҳосили онҳо хуб аст ва  барои ба бозор баровардани он  мушкилӣ намекашанд. Зеро худи талабгорон   ба назди онҳо омада, маҳсулоташонро яклухт харид намуда, ба бозор интиқол медиҳанд».

Абдуғаффор Ҷабборов, ки 25 сол таҷрибаи  кишоварзӣ дорад, гуфт, ки саҳмдорони хоҷагӣ асосан аъзои оилаи ӯ мебошанд. Ҳоло ӯ бо бародарзодаҳояш кор менамояд. Онҳо ният доранд, ки ояндаи наздик шумораи гармхонаҳои лимӯро зиёд намуда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат саҳм бигузоранд.

«Ҳарчанд барои ташкили гармхонаҳои  лимӯпарварӣ хароҷот намудан зарур меояд, аммо ман аз он дар ҳаросу ташвиш нестам. Зеро баъди ба ҳосил даромадани дарахтон метавонам ин хароҷотро  дар як сол пўшонам»,- мегўянд ў.

Бояд гуфт, ки манфиати бештари меваҳои ситрусиро дида, деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун ба парвариши навъҳои дигари он, аз ҷумла банан ҳавасмандӣ зоҳир намуда истодаанд. Таҷриба нишон дод, ки парвариши меваҳои ситрусӣ дар ин ноҳияи иқлимаш гарм имконпазир буда, зиёд намудани масоҳати парвариши он  ба манфиати кор аст.

Ба гуфтаи сокини ноҳия Маъруф Қаюмов,  як сол аст, ки ў ба парвариши банан машғул мебошад. Ба гуфтаи ў, заҳматҳояш натиҷаи хуб ба бор оварда, ҳавасмандиашро ба ин шуғл афзун намудаанд. Ӯ мақсад гузоштааст, ки дар  оянда парвариши бананро зиёд намояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 30, 2023 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд