Китоби «Бонувони Тоҷикистон — чеҳраҳо, истиқлолият» нашр гардид

Ноябрь 14, 2023 17:31

ДУШАНБЕ, 14.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Китоби «Бонувони Тоҷикистон — чеҳраҳо, истиқлолият» таҳия ва нашр гардид. Дар ин маҷмуа мусоҳибаву мақолаҳо, очерку лавҳаҳо ва дигар матлабҳо дар жанрҳои гуногуни журналистӣ, ки аз ҷониби рӯзноманигорони ҳирфаӣ дар солҳои 2017 – 2022 таҳия гардидаанд, гирд оварда шудаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» хабар медиҳад.

Дар ин китоб инчунин ҳикоя ва шеъру таронаҳои дилнишини адибони шинохта, ҷавонони навқалам ва ҳаводорони доимӣ, ки дар маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» давоми ин муддат ба нашр расида буданд, чоп шудаанд.

Матлабҳо аз Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, аҳамияти таърихии Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббусҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои мамлакат дар зарфи 30 соли охир, чеҳраҳои занони муваффақу номошнои мамлакат, занону духтарони заҳматқарину ҳунарвари ҷумҳурӣ, худшиносию ватанпарастӣ, расму оинҳои миллӣ, шукуҳу шаҳомати ҷаҳонӣ ёфтани шаҳри дилорои Душанбе, таълиму тарбияи фарзанд ва ғайра ҳикоят менамоянд.

Маҷмуа дар матбааи «Шарқи Озод» бо теъдоди 2000 нусха ба нашр расида, ба доираи васеи хонандагон пешкаш мегардад.

АКС: Муассисаи давлатии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»

Ноябрь 14, 2023 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд