«КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ». Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз озмун гузаронида шуд

Ноябрь 2, 2023 16:55

ТОҶИКОБОД, 02.11.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Озмуни ноҳиявие, ки ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии  хонандагон ва ҷалби онҳо ба китобхонӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Тоҷикобод  таҳти унвони «Конститутсия-бахтномаи миллат» доир гардид, ҷамъбаст шуд. Дар натиҷа аз ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия  шаш нафар ғолиб дониста шуда, дар ҳамоиши тантанавӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳои раиси ноҳия қадрдонӣ гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод иттилоъ  доданд. 

Иброз гардид, ки мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас шуморида, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон ва унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд. Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият мардуми Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидаанд.

Дар ноҳияи Тоҷикобод аз тарафи  гурӯҳҳои кории таблиғотӣ дар ҷамоатҳои деҳот ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон,  пешгирии нагаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятию террористӣ  ва дуруст истифода бурдани телефонҳои мобилӣ  пайваста вохӯриҳои судманд гузаронида мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод

Ноябрь 2, 2023 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд