Конститутсияи Тоҷикистон ба саодати як насл — ҳам дар тифлӣ ва ҳам дар пирӣ нигаронида шудааст
ДУШАНБЕ, 01.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки «падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъул мебошанд». Чунин иброз шуд дар конференсияи амалӣ-назариявие, ки имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таҳти унвони «Конститутсия — иродаи мо, ҷавонон дар роҳи давлатдории миллӣ» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Тазаккур дода шуд, ки чунин меъёри конститутсионӣ дар замоне, ки фарҳангу эҳтиром нисбат ба калонсолон аз байн меравад, муҳим буда, ба саодати як насл- ҳам дар айёми тифлӣ ва ҳам дар овони пирӣ нигаронида шудааст.
Тамоми меъёрҳое, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудаанд, башариятро ба роҳи сулҳу дӯстӣ, ҳамбастагию рафоқат даъват менамоянд.
Тазаккур дода шуд, ки Конститутсия роҳи рушди ояндаи давлати соҳибистиқлолро муайян намуда, заминаҳои асосии сохтори давлатӣ ва низоми сиёсиро фароҳам овард ва барои бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, татбиқи ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ ва нақшаву лоиҳаҳои созанда ва дар натиҷаи ин ҳама болоравии нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ пойдевори боэътимод гузошт.
Ин санади олӣ ҳуқуқҳои сиёсии ҷавононро мукаммал сохта, роҳи иштироки онҳоро дар пешбурди низоми давлатдорӣ фарох намуд. Ҳамзамон заминаи қонунӣ фароҳам овард, ки ҷавонон сохторҳои гуногуни давлатиро, новобаста аз синнашон роҳбарӣ намоянд ва барои бунёди давлати тараққикардаи миллӣ саҳми арзанда гузоранд. Аз ин рӯ ҷавонон бояд кӯшанд, ки онро чун рукни муқаддаси миллӣ ва дастури зиндагӣ эҳтиром ва ҳамеша аз рӯи муқаррароти он амал намоянд.
Ҷавонон бояд ба қадри ин дастгириҳо бирасанд ва барои ободиву шукуфоии боз ҳам бештари давлати миллии хеш бо истифода аз чунин имконият талош варзида, дар амалигардии ҳадафҳои бузургу стратегии Ҳукумати мамлакат саҳми муносиб гузоранд.
Дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳо, роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дорандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, гирандагони Стипендияи президентӣ, олимону муҳаққиқони ҷавон, варзишгарони муваффақ, волонтёрон ва ҷавонони фаъоли мамлакат, дар маҷмуъ 400 нафар иштирок намуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд
Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид






