Маркази миллии тестӣ байни синфҳои 11 имтиҳонҳои озмоишӣ мегузаронад
ДУШАНБЕ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳонҳои озмоишӣ мегузаронад. Он 14 ноябр оғоз гардида, тибқи нақша вобаста ба шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии интихобгардида то 15 декабр идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии тестӣ хабар доданд.
Мақсад аз баргузории имтиҳонҳо муайян намудани сатҳи дониши хонандагони синфи 11-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ аз субтестҳо – фанҳои имтиҳонӣ, шиносонидани онҳо бо маҷмуи фанҳои имтиҳонӣ ва таркибу сохтори саволу масъалаҳои тест, баланд бардоштани масъулияти хатмкунандагон барои супоридани имтиҳонҳо аз рӯйи тарҳи ҷории маҷмуи фанҳои имтиҳонии низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) аст.
Тавре иттилоъ дода шуд, Марказ дар асоси натиҷаҳои ИМД-2023 беш аз 300 муассисаи таълимиро аз 53 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ интихоб намудааст, ки тибқи пешниҳоди ин муассисаҳо беш аз 6 000 хонандаи синфи 11-ум барои иштирок дар ин имтиҳонҳо аз рӯйи гурӯҳҳои ихтисосҳои интихобнамудаашон номнавис шудаанд.
Имтиҳонҳо бо истифода аз китобчаҳои тести ИМД‑2023 тибқи забони имтиҳонсупории интихобнамудаи хонандагон ба забони тоҷикӣ ва русӣ баргузор мешаванд.
АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






