МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дамкардаи пӯпаки ҷуворимакка беҳтарин роҳи пешгирии сактаи дил аст
ДУШАНБЕ, 08.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Агар инсон хоҳад, ки масунияти бадани худро баланд бардорад, роҳи сар задани бемории ишемияи дил ва сактаи дилро пешгирӣ намояд, ҳамзамон аз дарди гурда ва хунрезии зиёди бинӣ ва узвҳои дарунӣ раҳоӣ ёбад, пас мебояд дамкардаи пӯпаки ҷуворимаккаро бо миқдори муайян истеъмол намояд. Чунин тавсия медиҳад доктори илмҳои тиб, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷаҳон Азонов.
Мавсуф изҳор медорад, ки пӯпаки ҷуворимакка дар баробари пешобронӣ хусусияти пок намудани роҳҳои пешоб аз қум, сангҳо, беҳтар намудани таркиби кимиёии талха, ҳамзамон хусусияти хунбандӣ низ дорад. Ҳангоми хунрезиҳои дарунӣ ва бинӣ истифодаи дамхӯрдаи он миқдори тромбоситҳо ва проторомбитро афзоиш медиҳад, ки онҳо ба лахташавии хун оварда мерасонанд.
Бояд гуфт, ки дар байни маҳсулоти ғизоӣ ҷуворимакка яке аз ҷойҳои муайянро ишғол намуда, тамоми хусусияти шифоӣ ва ғизоии он бо таркиби кимиёияш алоқаи зич дорад. Таркиби донаҳои ҷуворимакка аз маводи фаъоли биологӣ бой аст, аз ҷумла дар таркиби он 19,5 фоиз сафеда, як қисмати аминокислотаҳои ивазнашаванда, 6,5 фоиз равған, 67 фоиз карбогидратҳо, флаваноилҳо, витаминҳои В 1,2,3,5,6, Е, А мавҷуд мебошанд.
Ба гуфтаи ғизошинос, 100 грамм донаҳои ҷуворимакка барои бунияи инсон аз 300 то 393 килокалория неру ҳосил менамояд. Дар ин раванд истифодаи донаҳои ҷуворимакка барои бунияи инсон фоидаи калон дорад. Дар таркиби донаҳои ҷуворимакка витаминҳои гурӯҳи В ҳастанд, ки онҳо ҳам барои баланд бардоштани руҳияи инсон, ҳам барои мустаҳкам намудани масунияти бадан ва ҳам дар мубодилаи дохили бунияи инсон иштирок менамоянд. Дар тиб барои табобати беморон асосан пӯпаки ҷувориро васеъ истифода мебаранд. Онро ҳамчун талхарон, пешоброн, барои хориҷ намудани намакҳо аз бунияи инсон, ҳангоми бемориҳои талхадон, аз ҷумла холистестит, холангит, дискенизия, тангшавии рагҳои талхагузар истифода мебаранд.
«Муайян шудааст, ки пӯпаки ҷуворӣ таркиби кимиёии талхаро беҳтар менамояд. Он маҷмуи кислотаҳои талхагиро зиёд месозад. Ҷуворимакка дар шакли пухташуда ҳангоми истеъмол дар пешгирии бемории судакбандии рагҳои хунгард аҳамияти калон дорад. Равғани ҷуворимакка манбаи бениҳоят хуби шифоӣ аст. Таркиби он аз витамини Е бой аст. Ин витамин аз бебаҳотарин маводи зиддиоксидӣ аст. Равғани ҷуворимакка, ки аз витамини Е бой аст, дар безарар гардонидани радикалҳои озоде, ки ҳуҷайраҳоро нобуд сохта, ҷараёни илтиҳобро дар бунияи инсон зиёд мекунанд, ин радикалҳоро безарар мегардонад. Яъне, хусусияти зиддиоксидии бунияро афзоиш медиҳад. Такшоншавии халастерин дар пардаи элестикии рагҳои хунгардро рафъ месозад ва инсонро аз мубталошавӣ ба бемории судакбандии рагҳои хунгард ё ин ки бемории атерасклероз, ки яке аз пешоҳангҳои сар задани бемории ишемияи дил ва сактаи дил ба ҳисоб меравад, пешгирӣ менамояд»,-изҳор медорад Ҷаҳон Азонов.
Мавсуф таъкид менамояд, ки набояд ҳангоми истифодаи дамкардаи пӯпаки ҷуворимакка ба зиёдаравӣ роҳ дод. Зеро аз сабаби хусусияти хунбастӣ доштан он метавонад ба гирифторони бемории дилу рагҳо зиёновар гардад. Яъне, ягон маводро бояд аз меъёр зиёд истифода накунем. Аз ин лиҳоз аз ҳисоби 1 грамм пӯпак ва 10 грамм об, ё ин ки 10 грамм пӯпак ва 100 грамм обро бояд истифода бурд. Меъёри истифодаи он бо қошуқи ошхӯрӣ дар як рӯз аз 3 маротиба зиёд набояд бошад.
Бояд гуфт, ки ҷуворимакка зироати пурқимати хӯрокворӣ барои инсон ва чорво ба шумор рафта, аз дон, поя ва сӯтаи он зиёда аз 150 махсулоти гуногун тайёр менамоянд.
Дар соҳаи чорвопарварӣ ҷуворимакка ҳамчун манбаи хӯрокворӣ васеъ истифода бурда мешавад. Дар таркиби дони ҷуворимакка миқдори равған зиёд буда, аз баргу пояи сабз ва сӯтаи нимдунбули он силос тайёр месозанд. Силосро ба ғайр аз баргу пояи сабзаш, инчунин аз баргу пояи хушкаш пас аз ҷамъоварии донааш низ тайёр намудан мумкин аст.
Ҷуворимакка аҳамияти махсуси техникӣ дошта, аз дони он оҳар (крахмал), шира, орд, равған, спирт, кислотаи (ҷавҳарӣ) сирко, каучуки сунъӣ ва ғайраҳо истеҳсол менамоянд. Аз поя, сӯта ва барги он коғаз, вискоза, масолеҳи изолятсионӣ, пуки сунъӣ, ширеш ва дигар масолеҳ омода мешаванд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,
АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад






