МО ТАҲТИ ҲАМИН ПАРЧАМ БА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАСИДЕМ. Дар Хоруғ ба ифтихори ин ҷашн роҳпаймоӣ ва ҳамоиши идона доир гардид
ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳпаймоии идона баргузор гардид. Раҳпаймоии оммавӣ аз варзишгоҳи марказӣ то майдони Исмоили Сомонӣ бо иштироки роҳбарияти вилоят ва шаҳри Хоруғ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қишрҳои гуногуни ҷомеа, собиқадорон, кормандони идораву муассисаҳо, ҷавонон, устодону донишҷӯён, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ баргузор шуд. Хамзамон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз намуд, ки «24 ноябри соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сӯйи ҳадафҳои мамлакат-сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд. Дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии мамлакат инчунин рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон- Парчамӣ давлатӣ қабул гардид.
Мо имрӯз он лаҳзаи сарнавиштсози таърихиро бо ифтихори баланди миллӣ ба хотир меорем. Зеро қабули Парчами давлатӣ дар оғози давлатдории навини тоҷикон ва марҳилаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муҳим ва саривақтӣ буд».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳояшон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ иброз намудаанд, ки «мо таҳти ҳамин Парчам ба ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкориамонро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи одӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд».
Шоистаи таъкид аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд, зеро парафшонии парчам барои дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани аҳли ҷомеа, бахусус насли ҷавон нақши бориз дорад.
Дар фарҷом аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи консертӣ манзур гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳи Хоруғ











Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






