«МУАРРИФИИ ИМКОНИЯТИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ҶАВОНОНИ ХОРИҶӢ». Дар ин мавзуъ форуми ҷавонон доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон» Форуми ҷавонон барои ҷавонони хориҷӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш намояндаи Кумитаи рушди сайёҳӣ сухан гуфта, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро давоми се даҳсолаи охир дар муаррифии имиҷи сайёҳии мамлакат ба сокинони сайёра баланд арзёбӣ намуд. Иброз гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо саъю талоши Ҳукумати мамлакат ва мардуми шарафманди тоҷик ба бунёди роҳу пулҳои муосир, нақбҳо, неругоҳҳои барқӣ-обӣ, садҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ, зербинои муосири коммуникатсионӣ, энергетикиву саноатӣ ва инфрасохтори зарурии сайёҳии мамлакат саҳми арзанда гузошта, низоми ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шуд ва Тоҷикистони сепорча ба қаламрави воҳид ва давлати транзитӣ мубаддал гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакатро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздик гардониданд ва сиёсати пешгирифтаи «дарҳои кушода» сабаби болоравии бесобиқаи нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар ҷомеаи байналмилалӣ гардид.
Маҳз чунин сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат ба мустаҳкам гардидани робитаҳои Тоҷикистон бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, бахусус давлатҳои минтақа мусоидат намуд.
Дар ҳамоиш иқтидори сайёҳии мамлакат, дастовардҳои соҳаи сайёҳӣ дар зарфи беш аз се даҳсола ва дурнамои соҳаи сайёҳӣ барои солҳои минбаъда дар шакли рӯнамо ва видео-роликии таблиғотии сайёҳӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи эҷодии телевизиони ҷаҳонии хабарии «BBC» омода шудааст, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Дар форум гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ва донишҷӯёни хориҷӣ аз давлатҳои Афғонистон, Покистон, Узбекистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷопон, ки дар муассисаҳои таҳсилотии олии мамлакат таҳсил менамоянд, иштирок намуданд.
Пешниҳод шуд, ки донишҷӯён метавонанд бо истифода аз фановариҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ҳолати тинҷию оромӣ, маконҳои дилкашу ҷолиби сайёҳӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба дӯстон ва ҳаводорони сайру саёҳат пешкаш намоянд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид






