Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ иштирок намуд

Ноябрь 24, 2023 10:29

ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи 18-уми Шурои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) баргузор гардид, ки дар он Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода сухан гуфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.

Завқӣ Завқизода изҳор дошт, ки Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими ҳамкории иқтисодӣ дар доираи СПЕКА таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои стратегӣ ба Шурои роҳбарикунандаи СПЕКА пешниҳод намуд, ки ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти зерин дар солҳои минбаъда, аз ҷумла содагардонии расмиёти савдо ва рафъи монеаҳои сунъӣ дар савдо, рушди долонҳои мултимодалии нақлиётӣ ва иқтисодӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва рақамикунонӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.

Дар доираи ҷаласа масъалаҳои таъсиси фонди мақсадноки СПЕКА, доираи пешбурди фаъолияти СПЕКА, Саммити СПЕКА, Харитаи роҳ оид ба рақамикунонии мубодилаи мултимодалии маълумот ва ҳуҷҷатҳо дар гузаргоҳи миёнаи нақлиётии фарохазарӣ бо истифода аз воситаҳои ҳуқуқӣ ва стандартҳои СММ ва интихоби давлати навбатии раисикунандаи СПЕКА баррасӣ шуданд.

Бояд иброз намуд, ки шаш соли охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон таъсиси фонди мақсадноки СПЕКА-ро пешниҳод менамуданд ва имрӯз аллакай ин масъала ҳалли худро ёфт.

Дар охири чорабинӣ Шурои роҳбарикунанда ҳамчун мақоми олии СПЕКА дар бораи таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ қарорҳои дахлдор қабул намуд.

СПЕКА соли 1998 таъсис ёфта, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон ва Афғонистон давлатҳои иштирокчии он мебошанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 24, 2023 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд