НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Дар соли 2024 барои идомаи корҳои сохтмонии он наздики 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст

Ноябрь 22, 2023 10:31

ДУШАНБЕ, 22.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар 9 моҳи соли равон барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» 3,7 миллиард сомонӣ ва то 1 ноябри соли ҷорӣ барои иншооти мазкур аллакай 4,3 миллиард сомонӣ масраф шудааст. Дар буҷети соли 2024 аз ҳисоби маб­лағҳои мутамарказ 2,8 миллиард сомонӣ, аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ бошад, дар доираи 2,2 миллиард сомонӣ дар назар аст. Аз рӯйи нақша, атрофи 5 миллиард сомонӣ барои сохтмони неругоҳи «Роғун» дар соли 2024 ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки имрўзҳо ду агрегати неругоҳи «Роғун» фаъолият дошта, барои иқтисодиёти миллию аҳолии ҷумҳурӣ неруи барқ истеҳсол карда истодааст.

Тибқи иттилои масъулин, ҳарчанд обанбори Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳанӯз то ба охир бунёд наёфтааст ва фишори об ҳанӯз паст аст, дар неругоҳ то ин дам аллакай қариб 7 миллиард киловатт/соат барқ истеҳсол шудааст.

Барои муқоиса – дар як шабонарӯз дар ҷумҳурӣ то 45-50 миллион киловатт/соат барқ истеҳсол мегардад. Барқи то имрӯз истеҳсолнамудаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» зиёда аз 1,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки он барои идомаи бунёди неругоҳ сарф мегардад. Аз ҳама муҳим он аст, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат ворид шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми НБО-и «Роғун» ва агрегати дуюми он 9 сентябри соли 2019 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор дароварда шуданд.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи агрегати дуюми неругоҳи мазкур Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Дар ин лаҳзаҳои таърихӣ бо қаноатмандиву ифтихор иброз медорам, ки бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ҳамчун иншооти тақдирсоз натиҷаи орзуву омоли нек, азму иродаи қавӣ, дастгириву пуштибонии самимӣ ва саҳми ватандӯстонаи халқи шарафманди Тоҷикистон мебошад. Бо итминони комил изҳор менамоям, ки мо бо заҳмати содиқонаи мардуми сарбаланди тоҷик ва корномаи баҳодуронаи фарзандони бонангу номуси миллат дар ояндаи наздиктарин ҳамаи ниятҳои нек ва нақшаҳои созандаамонро амалӣ мегардонем. Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистони озоду соҳибихтиёри мо ба як давлати нерӯманду пешрафта ва Ватани маҳбуби тоҷикон ба мулки боз ҳам ободу осуда табдил меёбад».

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори лоиҳавии Неругоҳи барқи обии «Роғун» 3600 (6х600) МВт буда, садди обанбор 335 м бардошта мешавад. Ҳаҷми умумии оби обанбор 13,3 километри мукааб ва ҳаҷми фоиданоки он 10,3 километри мукаабро ташкил хоҳад дод. Тибқи нақша, обанбор бояд дар давоми 15-17 сол аз об пур шавад. Барои баланд бардоштани садди обанбор, ки ҳаҷми пояи он 1,5 километрро ташкил медиҳад, қариб 81 миллион метри мукааб сангу шағал ва дигар ҷинсҳои кӯҳӣ истифода бурда мешавад. Сарбанди обанбор ба зилзила тобовар аст, чунки қишрҳои дар натиҷаи зилзила пайдошуда аз сангу шағал пур мешаванд ва он аз нав мустаҳкам мегардад. Пас аз пурра ба истифода додан аз ҳисоби фурӯши неруи барқ Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар як муддати кӯтоҳ хароҷоти пурраи сохтмонро мепӯшонад. Тибқи ҳисоби мутахассисони соҳа, арзиши аслии неруи барқи дар он тавлидшаванда арзонтарин дар ҷаҳон хоҳад буд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 22, 2023 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар гармхонаи шаҳри Хоруғ зиёда аз 10 ҳазор кӯчати гул парвариш мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш меёбад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Панҷакент коргоҳи истеҳсоли шифер бунёд карда мешавад
Бо ташаббуси Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд доир ба зеҳни сунъӣ баргузор шуд
Дар таъмини бехатарии парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон зан-метеорологҳо нақши муассир доранд
Масоили таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика дар Москва баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон: «53 ҳазор нафар занон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд»
Дар шаҳри Абузабӣ мулоқоти вазирони саноати Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб доир шуд
Иқдоми Пешвои миллат дар самти дастгирии давлатии соҳибкорӣ кафили рушди устувори бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя мебошад
Ҷопон хостори тақвияти ҳамкории байнибонкӣ бо Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи 56-уми Комиссияи омории СММ масъалаи барӯйхатгирии аҳолии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар соли 2026 баррасӣ шуд