35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Панҷакент коргоҳи истеҳсоли шифер бунёд карда мешавад

Март 9, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 09.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент  бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокиияти давлатии шаҳр ва сармоягузории соҳибкорон нахустин коргоҳи истеҳсоли шифер сохта, ба истифода дода мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд, баъди аз истифода додани ин коргоҳи истеҳсолӣ дар як баст то 5 ҳазор дона шифер истеҳсол мегардад.

Дар Ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент   сохтмони кӯдакистони дорои 200 ҷой идома дорад. Инчунин дар ин ҷамоат аз ҷониби соҳибкорони деҳа маҷмааи  фароғатию хизматрасонӣ бунёд мегардад.

 АКС аз бойгонӣ

Март 9, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад