Дар гармхонаи шаҳри Хоруғ зиёда аз 10 ҳазор кӯчати гул парвариш мешавад
ДУШАНБЕ, 10.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ гармхонаи муосир бунёд гардидааст, ки дар он зиёда аз 10 ҳазор кӯчати гул бо фарогирии 4 намуди гули патунӣ, 2 намуди гули салваи сафед ва сурх, гули лола ва 1,5 ҳазор бех садбаргҳои ороишӣ парвариш карда мешаванд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, гармхона дар ҳамкорӣ бо Институти биологии Помир ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бунёд гардидааст.
Гулҳои ороишӣ барои сабзазоркунии гулгашту хиёбонҳо, кӯчаҳо, мавзеъҳои назди бинои идораю муассисаҳо парвариш карда мешаванд.
Дар гармхона гулкорон 2 намуди хок, доруҳои махсус барои сабзиши тухмиҳои гулҳои яксола ва пору истифода мебаранд, ки ин ба хубтар нашъунамо ёфтани гулҳо мусоидат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






