ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 3 рӯзи оянда дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, борону барф дар назар аст

Ноябрь 21, 2023 11:34

ДУШАНБЕ, 21.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, 22-23 ноябр дар ҷумҳурӣ якбора номусоид гардидани вазъи ҳаво пешгӯӣ шуда, борон (бо гузариш ба барф) ба амал меояд. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Суғд ва Хатлон борони бошиддат ба амал меояд.

Ба иттилои агентӣ, 23-24 ноябр дар бештари манотиқи ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа паст мешавад. Дар ин рӯзҳо бо сабаби ба амал омадани бориш дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин ҳолат ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони мамлакат мерасонад, ки эҳтиёт намоянд. Кумита аз аҳолӣ даъват менамояд, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро пешакӣ омода созанд ва то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 21, 2023 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва муқовимат ба коррупсия конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони Амиршо Миралиев изҳори ҳамдардӣ намуданд
Тоҷикистон Нақшаи маблағгузории Cаҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи иқлимиро дар Павилиони миллӣ дар Дубай муаррифӣ намуд
Русия омода аст аз Тоҷикистон гӯшти мурғ, тухм, хушкмева ва маҳсулоти заргарӣ харидорӣ намояд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон, Покистон ва Қирғизистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи CASA-1000-ро дар Дубай баррасӣ намуданд
МУБОРАК БОШАД! «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид
Дар намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар Русия имконияти вилояти Суғд муаррифӣ гардид
НАВИДИ ФАРҲАНГӢ! «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид шуд
Дар Танзания рушди ҳамкории Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо Шарики глобалӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо волии вилояти Денизли мулоқот намуд
Дар Душанбе табодули таҷрибаи мутахассисони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ Сафири навтаъйини Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шуграфро ба ҳузур пазируфтанд