«ОСОРХОНА ДАР ФАЗОИ КУШОД». Дар нуҳ моҳ 10 ҳазору 495 сайёҳ ба тамошои ёдгориҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Истаравшан омадаанд
ДУШАНБЕ, 04.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон 10 ҳазору 495 сайёҳ ёдгориҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Истаравшанро тамошо намудаанд. Аз ин теъдод қариб 1,5 ҳазор сайёҳи хориҷӣ мебошанд, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта чанд маротиба зиёд мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар медиҳад.
Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, айни замон дар шаҳр барои ҷалби сайёҳон хатсайрҳои ҷолибу мушаххас тартиб дода шудааст. Иншоотҳои сайёҳии шаҳр давоми як рӯз имконияти қабули беш аз 1000 сайёҳро дорад.
Истаравшани бостонӣ яке аз мавзеъҳои таърихӣ ба шумор рафта, ин шаҳрро «осорхона дар фазои кушод» ном мебаранд. Айни замон дар шаҳр 5 меҳмонхонаи замонавӣ, 6 осоишгоҳ, 153 ёдгории таърихӣ ва 160 намуди ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд мебошанд.
Бояд гуфт, ки мақбараҳои Хоҷа Абдураҳмони Авф (асри VIII) ва Хоҷа Абдуқодири Ҷелонӣ (асри ХУ), Боботағои Валӣ (асри ХУ), Сари Мазор (асри ХVI), маҷмааи меъмории Ҳазрати Шоҳ (асрҳои ХVII-ХIХ), Чор Гумбаз (асри Х1Х), Савристон ва даҳҳо ёдгории дигар дар баробари муаррифии мероси бузурги таърихии миллати тоҷик беҳтарин намунаҳои ҳунари сокинони шаҳри Истаравшан, аз ҷумла наҷҷорону наққошон, кандакорон ва дигар ҳунармандон ба шумор мераванд.

Имрӯз номи ин ёдгориҳои куҳани таърихӣ дар деҳаву гузарҳои шаҳр побарҷо мондаанд, ки аз ҷумлаи онҳо Қалъаи Муғ, Қалъаи Баланд, Қалъачаи Калон, Қалъаи Меҳтар, Қалъачаи Гули Зард, Қалъачаи Бакавул, Қалъачаи Араб ва монанди онҳо мебошанд. Мояи хушҳолист, ки имрўзҳо Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Муғ» ба макони сайру гашти сайёҳон табдил ёфта, дорои Амфитеатри замонавӣ бо 5100 ҷойи нишаст мебошад. Дар ҳудуди қалъа ёдгориҳои қадимӣ ва пайкараву нигораҳо гузошта шудаанд. Дар ин ҷо зиёда аз 80 ҳуҷра барои фурӯши маҳсули дастии ҳунармандон ва муаррифии урфу одати мардуми шаҳр гӯшаҳои алоҳида ташкил гардидааст.
Осоишгоҳҳои «Авитсена», «Ависсити», «Ҳавотоғ» ва истораҳатгоҳи «Роҳҳат» дар мавзеъҳои хушманзараи шаҳр воқеъ гардида, таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб намуда, дар онҳо барои истироҳати бофароғат шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Махсусан, обанбори Зарринрӯд аз мавзеъҳои зеботарини шаҳр ба ҳисоб рафта, бо боду ҳавои тоза аз дигар минтақаҳо фарқ мекунад.
Меҳмонхонаҳои «Садбарг», «Ҳоҷи Носир» ва «Киропол» низ ба шароити хуби замонавӣ баҳри сайёҳони дохиливу хориҷӣ хидмат мерасонанд.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан баҳри рушди соҳайи сайёҳӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, бунёди иншооти муосири ба ин соҳа дахлдор бомаром идома дорад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз










Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






