Пахтакорони ноҳияи Ёвон аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонию дастҷамъӣ зиёда аз 22 209 тонна пахта ҷамъ оварданд
ЁВОН, 04.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи самаранок истифода намудани замин дар ноҳияи Ёвон то ин давра аз заминҳои 1672 хоҷагии деҳқонию дастҷамъӣ зиёда аз 22 209 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид. Нақшаи пешбинишудаи ҷамъоварии пахта, ки имсол 23 820 тонна мебошад, ҳафтаҳои наздик барзиёд иҷро мегардад. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини Раёсати кишоварзии ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд.
Дар пахтазори ноҳияи Ёвон роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроия, ҳайати кормандони ҳамаи ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ҳамарӯза иштирок намуда, садҳо тонна пахта ҷамъ меоранд.
Имрӯзҳо дар ҳамаи хоҷагиҳои пахтакори ноҳия мавсими ҷамъоварии пахта босуръат идома дорад. Заҳматкашон аз ҳар рӯзи мавсим самаранок истифода бурда, ҳосили бо ранҷ парваридаашонро ҳам ба воситаи қувваи даст ва ҳам мошинаҳои пахтачинӣ ҷамъоварӣ менамоянд. Аз ҷумла, дар ҷамоатҳои деҳоти Норин, Г. Юсупова ва С.Сурх 990 тонна пахта тариқи мошинаҳои пахтачинӣ ҷамъоварӣ шудааст.
Роҳбарияти ноҳия тасмим гирифтаанд, ки рӯзҳои офтобӣ дар паҳлуи кишоварзон истода, дар иҷрои дурнамои пахтасупорӣ ҳиссаи муносиб гузоранд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, то имрӯз дар ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ёвон 12 850 нафар иштирок намуда, аз ҳисоби пахтачинӣ, ки кори мавсимӣ ба ҳисоб меравад, даромад ба даст меоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






