ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон Парвина Меликова ба ин савол посух дод

Ноябрь 23, 2023 12:12

ДУШАНБЕ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олӣ тасдиқ шудааст, омадааст, ки  Парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати мамлакат, судҳои ҷумҳурӣ, мақомоти прокуратура, Бонки миллӣ, Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсӣ, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ, қисмҳои ҳарбӣ, гузаргоҳҳо, дидбонҳо, нуқтаҳои гумрукии сарҳади давлатии Тоҷикистон насб карда мешавад, гуфт вакили Маҷлиси намояндагон Парвина Меликова ба хабарнигори АМИТ«Ховар».

Номбурда илова намуд, ки парчам инчунин дар нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Сарвазир, роҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон берун аз ҷумҳурӣ ва шахсони дигар тибқи тартиби муайяннамудаи ҳукумати ҷумҳурӣ афрохта мешавад.

Ҳамсуҳбати мо тазаккур дод, ки дар асоси муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон- Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ эътироф шуда,   12 майи соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонун «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро имзо намуданд.

Мавсуф ёдовар шуд, ки   вакилони мардумӣ дар  Иҷлосияи  XVI  Шурои Олӣ дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ – Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ дар сари қабули  тарҳу намуди Парчами давлатии Тоҷикистон табодули афкор намуда, саҳми худро дар қабули Парчами нави Тоҷикистони соҳибистиқлол гузоштаанд.

Ў ёдрас шуд, ки ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ эҳтиром ба руҳи қаҳрамонони миллат, яъне онҳое мебошад, ки давоми таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Он эҳтиром ба руҳи Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон гузаштагони мо аст.

Халқи тоҷик, ки дар замони Куруши Кабир соҳиби Эъломияи ҳуқуқи башар гашта буд, аввалин шуда, дирафшро низ барафрохт.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 23, 2023 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид