ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН – РАМЗИ ЯГОНАГИИ МИЛЛАТ. Дар Хадамоти гумрук ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд

Ноябрь 24, 2023 17:37

ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ворид намудани Парчами давлатӣ ба маҷлисгоҳ ва садо додани Суруди миллӣ ҷаласаи тантанавӣ оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Таъкид шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳодати ҳастии миллат, рамзи давлати комилҳуқуқу озод, нишон аз ҷумҳурии соҳибистиқлол ва вуҷуд доштани давлати пойдору устуворе бо номи Тоҷикистон мебошад.

Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддастарин рамзи давлатдории миллати куҳанбунёди мо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат парафшонӣ намуда, дар фаъолияти давлатдорӣ, аз ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар фарди ҷомеа мавқеи муҳимро ишғол менамояд.

Мояи сарфарозии мардуми тоҷик аст, ки давоми 31 сол дар баробари садо додани Суруди миллӣ ба ҳангоми дастоварду пирӯзиҳои фарзандони арзандаи миллат дар мамлакатҳои гуногуни олам рамзи муқаддаси миллӣ- Парчами давлатӣ афрохта мешавад.

Парчами давлатӣ ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум, рамзи садоқат ва фахру ҳувият мақому мартабаи махсусро  доро буда, таҷассумгари ифтихору номуси ватандорӣ, мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкари созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақим ва ормонҳои ватанхоҳиву  каҳрамониҳои мардони сарзаминамон мебошад.

Парчами миллӣ ба мо имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти ҳаёти давлати худ бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаамон бо чашми ибрат нигоҳ созем ва ба сӯи ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимоди қавӣ қадамҳои устувор гузорем.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 24, 2023 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид