Президенти Тоҷикистон дастур доданд, ки дар шаҳру ноҳияҳо шумораи корхонаву коргоҳҳои хурди коркарди меваву сабзавот зиёд гардад

Ноябрь 16, 2023 09:12

ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёд намудани шумораи корхонаву коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳо, бахусус коркарди меваву сабзавот, аз ҷумла хуч, дулона, помидор, бодиринг, пиёзи анзур, инчунин шир ва шолӣ дар ҳамкорӣ бо соҳиборон тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Ин тадбир дар робита ба дастури Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 27 октябри соли равон зимни Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд, андешида мешавад.

Сарвари давлат зимни Маҷлиси Ҳукумати мамлакат ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо роҳбарони гурӯҳҳои корӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раёсати рушди инфрасохтор барои зиёд намудани шумораи корхонаву коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамзамон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  супориш доданд, ки фаъолияти муназзами корхонаҳои истеҳсолии мавҷуда, бахусус корхонаҳоеро, ки  ифтитоҳ карда шудаанд,  назорат ва таъмин намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 16, 2023 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»