Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Прокуратураи Олии Халқии Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 07.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар шаҳри Сиан Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Прокуратураи Олии Халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ин Юн мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои пурзӯр намудани фаъолият дар самти мубориза бо экстремизм, терроризм, киберҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҳамчунин масъалаҳои амниятӣ баррасӣ шуданд.
Дар масъалаи истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд. Ҷонибҳо муҳимияти густариши ҳамкории зич байни ниҳодҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқи ҷонибҳоро ҷиҳати ҳалли ин масъалаҳо таъкид намуданд.
Таъкид гардид, ки ин самти ҳамкории ҳуқуқии дуҷониба аз ҷониби роҳбарони ду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин 18 майи соли 2023 зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин муайян шуда буд.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






